Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҶДММ «Оҳангудозии Тоҷикистон»-ро дар ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуданд

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳоти Чоргултеппа ба фаъолияти корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» оғози расмӣ бахшиданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳангудозии Тоҷикистон» бо иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ҷиҳати татбиқи бомароми ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ бунёд шуда, аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ калонтарин корхона дар ҳудуди ноҳия ба ҳисоб меравад.

Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки самти асосии фаъолияти корхонаи навтаъсис коркарди оҳанпора ва истеҳсоли ду намуди масолеҳи сохтмонӣ – арматур ва ноқил бо андозаҳои гуногун мебошад. Барои идора намудани дастгоҳу технологияи замонавӣ ва банду басти маҳсулоти истеҳсолшуда 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 60 ҳазор тонна арматур ва ноқил буда, сифати маҳсулот дар асоси таҳлили мутахассисон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ашёи хом ба корхона қисман аз дохили ҷумҳурӣ ва хокаи кимиёвии он бошад, аз Ҷумҳурии Қазоқистон дастрас шуда, дуди ғализи он бо истифода аз дастгоҳҳои махсус коркард ва безарар гардонда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дар самти амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба роҳбарият ва масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои бо сифати хуб истеҳсол шудани маҳсулоти корхона дастгоҳу технологияи муосир дар доираи ҳамкорӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардидааст, маҳсулоти ниҳоӣ арматур ва ноқил пас аз коркарди оҳанпора, истифодаи моддаи кимиёвӣ ва об кардан омода ва банду баст карда мешавад.

Дар саҳни корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти саноатии ноҳия муаррифӣ гардид.

Маврид ба таъкид аст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми соҳибкорони ватандӯст ва ҷалби сармояи хориҷӣ 13 корхона бо таъсиси 300 ҷои корӣ бунёд гардид, ки ин раванд ба боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид гузошт.

Татбиқи бомароми барномаҳои давлатӣ ва бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсолӣ имконият фароҳам сохт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия зиёд ва сатҳи иқтисодию иҷтимоии ноҳия сол то сол беҳтару хубтар гардад.

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 243 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,3 фоиз зиёд мебошад.

Айни ҳол дар ноҳияи Рӯдакӣ 127 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ фаъолияти пурсамар дошта, бо дарназардошти афзоиши талабот ҳаҷми истеҳсол ва номгуи маҳсулот марҳила ба марҳила зиёд карда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: