Рамзи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рамзи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.
Гуфта мешавад, ки рамзи мазкурро Иттифоқи рассомони Тоҷикистон таҳия намуда, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.
Ин рамз барои истифода дар сар то сари мамлакат дар баргузории чорабиниҳои Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» дар солҳои 2019-2021 пешбинӣ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Имсол баргузории озмуни мазкур дар даҳаи сеюми моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст.
АМИТ «Ховар»