Президенти Қазоқистон ҷиҳати иштирок дар саммити сарони давлатҳои ИДМ ба Тоҷикистон омад

Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 28 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир мегардад.

АМИТ «Ховар»