14 апрел дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази табобати дандон, коргоҳи истеҳсоли мебел ва дӯзандагиро ифтитоҳ карданд.
Мутахассисони баландихтисоси Маркази табобати дандон дар бинои 6-ошёна ба муроҷиаткунандагон дар шароити муосир хизмат мерасонанд. Иншооти соҳаи тандурустӣ дорои таҷҳизоти замонавӣ барои ташхису табобат буда, дар ин ҷо дар як вақт барои гузаронидани ҷарроҳии ҷоғу рӯй, барқароркунӣ, гузоштани дандонҳои сунъӣ ва дигар табобати вобаста ба дандон шароит фароҳам аст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкони фароҳамшуда, кормандони марказро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо вазифадор карданд.
Маркази табобати дандон дар ошёнаи якуми иншоот ҷойгир буда, аз ҳуҷраҳои табобатӣ, ортодантия, ортопедия, ҳуҷраи кӯдакона, ҷарроҳӣ, навбатдории шабонарӯзӣ, безараргардонӣ ва дигар ҳуҷраҳо иборат мебошад.
Дар таҳхонаи иншоот бошад, коргоҳи дузандагӣ ташкил карда шудааст. 10 дастгоҳ барои фаъолияти кормандон ворид карда шуда, бонувон баъди омӯзиши бахши дӯзандагӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар ин ҷо ҳамарӯза духти либосҳои занонаю мардона ва ҷиҳози хона ба анҷом расонида мешавад.
Коргоҳи мебелбарории “Рахш” дар доираи амалишавии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар бунёд карда шудааст. Иншоот бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ сохта шуда, дар он таҷҳизоти муосир насб гардидааст. Коргоҳи истеҳсоли мебел аз толори истеҳсолот, ҳуҷраи корӣ ва нуқтаи фурӯш иборат мебошад. Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои таълимӣ, ошхона, меҳмонхона ва дигар иншоот нигаронида шудааст.
Маркази табобати дандон, коргоҳи дӯзандагӣ ва мебелбарорӣ дар шаҳри Панҷакент аз тарафи соҳибкор Исфандиёр Шарифов бунёд карда шудааст ва дар ин ҷо дар маҷмуъ 50 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Дар рӯзи ифтитоҳ маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ба таври намунавӣ муаррифӣ карда шуд. Соҳибкорон ҳадаф доранд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда ҳарчи бештар вобаста ба завқи мизоҷон истеҳсол гардад ва ниёзи мардум саривақт қонеъ гардонида шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти саноатӣ ба роҳбарияти шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд ва намояндагони бахши хусусӣ супориш доданд, ки аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати мамлакат барои ворид намудани техникаву технологияи нав, эълони мораторий ва дигар имкониятҳо ҷиҳати афзун гардонидани имкониятҳои истеҳсолӣ ҳарчи бештар истифода намоянд.
Коргоҳи истеҳсоли мебел ва духти либос дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд гардида, барои афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва оянда таъмини рушди дучанди иқтисодиёт мусоидат мекунад.
АМИТ «Ховар»