Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонӣ ва кумак расонидан ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда мегузоранд, 4 913 300 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр то 8 сентябри соли равон ба роҳ монда мешаванд. Кумак ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе, инчунин кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои пойтахт бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо расонида мешавад. Ҳавасмандгардонии кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби муовинони Раиси шаҳр бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои расонидани кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо мусоидат намоянд.
АМИТ «Ховар»