Владимир Путин: «Ба инқилоб дар ягон кишвари СААД (ОДКБ) роҳ намедиҳем»

Президенти  Россия Владимир Путин дар  мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Мир” шоми дирӯз иброз дошт, ки Москва ба инқилоби ранга дар ягон кишвари узви СААД (ОДКБ)   роҳ нахоҳад дод. Путин гуфт, Русия шариконаш дар ин созмонро дар муқобили талоши чунин инқилобҳо ҳимоят хоҳад кард.

Владимир Путин дар ин мусоҳиба, аз ҷумла, гуфт: «Мо назарияҳои мухталиферо медонем, ки дар минтақаҳои мухталифи олам роҳандозӣ мешаванд ва  боиси нооромии ҷиддӣ дар ин минтақаҳо мегарданд. Албатта,  мо ба чунин амалҳо набояд роҳ диҳем, Россия бо ҳар роҳу восита бояд   шарикони худро аз СААД (ОДКБ) пуштибонӣ кунад”.

Путин  ҳамчунин таъкид сохт, ки Россия бо фарқ аз Қазоқистон он шаҳрвандонашро, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум намекунад, вале метавонад аз муҳоҷироне, ки соҳиби шиносномаҳои Россия шудаанд, дар сурати ҳамкориашон бо гурӯҳҳои террористӣ ин шиносномаҳро пас бигирад.

Хотиррасон менамоем, ки феълан ба СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ) Россия, Беларус, Тоҷкистон, Арманистон, Қазоқистон ва  Қирғизистон аъзо мебошанд. Тибқи ин паймон, дар сурати таҳдиди ҳамла ё таҷовуз ба хоки яке аз кишварҳои узви ОДКБ бояд дигар кишварҳои узви ин созмон ба кумак бирасанд.

Манбаъ: АМИТ "Ховар"

Tags: