ДАРОЗУМРӢ ЗИЁД МЕШАВАД. Тоҷикистон аз рӯи сатҳи пасттарини фавт дар ИДМ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол намуд

ТВТ.19.08.2022. Раддабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯи сатҳи фавт барои соли 2022 нашр гардид. Бо баландтарин шумораи сатҳи фавт Сербия, Руминия ва Литва феҳристро боз намуда, Қатар онро бастааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи маълумотдиҳандаи СРУ-и ИМА The World Factbook.

Миёни кишварҳои ИДМ ба даҳгонаи аввали ғамгинкунанда Украина, Русия ва Беларус шомил шудаанд. Молдова дар қатори на он қадар дур- 12 қарор дорад.

Тоҷикистон дар ин раддабандӣ миёни 229 кишвари ҷаҳон ҷои 172 ва дар ИДМ мақоми дуюмро касб кардааст. Раддабандӣ ба заминаи  ҳисобкунии сатҳи фавт — шумораи фавтидагон ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ асос ёфтааст. Коэффитсиенти ҶТ 5,72-ро ташкил додааст.

«Дар раддабандӣ дар бораи шумораи миёнасолонаи фавтҳо давоми сол ба ҳар 1000 нафар дар нимаи сол, ки бо номи сатҳи умумии фавтнокӣ низ маълум аст, иттилоъ дода шудааст. Сатҳи фавт, гарчанде ки танҳо як нишондиҳандаи тахминии вазъи фавт дар кишвар аст, таъсири сатҳи фавтро ба афзоиши аҳолӣ дақиқ нишон медиҳад»,-гуфта мешавад дар сарсухани раддабандӣ.Бояд ёдовар шуд, ки яке аз омилҳои коҳиши мизони марг, тибқи гузоришҳои СММ, афзоиши умри мардум аст.

Тайи 30 соли охир аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион ба 10 миллион нафар расид, яъне қариб 2 баробар афзудааст. Тавре қаблан зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ходими калони илмии шуъбаи геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», саргеронтологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Саодат Камолова  зикр намуда буд, аҳолии аз 60-сола болои Тоҷикистон ҳудуди 7 дарсадро ташкил дод, ки ин аз рӯи ҷадвали СММ гувоҳи   аз остонаи пиршавӣ гузаштани Тоҷикистон аст.

Дар мавриди дарозумрӣ ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки дарозумрӣ сир надорад, балки омилест, ки ба ин раванд таъсир мерасонад.

«Аввалан — омили генетикӣ ё ирсӣ. Агар дар оила дарозумрон бошанд, пас имкони дидани умри дароз вуҷуд дорад. Дуюм- ин пиршавии солим аст, ки ТУТ барои он барномаи махсус таҳия намудааст. Барои он ки умри дароз бинед, шумо бояд тарзи ҳаёти солимро пеш баред. Некӯаҳволии ҳамаҷониба, муносибатҳои хуби оилавӣ, некӯаҳволии иқтисодӣ, дастрасӣ ба кор, оромии равонӣ- муваффақияти умри дарози ҳар инсонанд. «Муҳим он аст, ки ба шахсе, ки дар синни нафақа қарор дорад, имкон диҳанд минбаъд низ худтатбиқкуниро идома диҳад, дар ҳаёти ҷомеа иштирок кунад ва ба зиндагии муқаррарии худ идома диҳад», — шарҳ дод саргеронтолог.

«Дар Тоҷикистон давомнокии умр меафзояд ва ин хуб аст, — мегӯяд С Камолова. — Ин ҳамчунин нишондиҳандаи болоравии сатҳи зиндагии мардум аст». Саргеронтологи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти пажӯҳишҳои Созмони Милали Муттаҳид сабабҳои дигари эҳтимолии зиёд шудани умри инсонро номбар кард: рушди иқтисодӣ; кам шудани фавти кӯдакон; кам шудани фавт миёни аҳолии қобили меҳнат; коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот ва тамоку; «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи бомуваффақият бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, аз ҷумла инсулт); кам гаштани шумораи куштор ва худкушӣ».

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: