ТВТ. 17.06.2022. 17-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара марҳилаи дуюми коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагӣ ва бинои маъмурии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Карим”-ро ифтитоҳ карданд.
Марҳилаи 2-юми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Карим” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар ва дар доираи солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд шудааст.
Дар коргоҳҳои корхона муосиртарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия васлу насб гардидааст, ки бо истифода аз ин имконот, истеҳсолот дар доираи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад.
Иншоот аз ду ошёна ва аз се қисми асосии истеҳсолот иборат мебошад.
Дар сехи бофандагӣ 10 дастгоҳи калони даврашакл насб шуда, асосан барои бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор истифода карда мешаванд. Иқтидори солонаи истеҳсолии коргоҳ зиёда аз 36 тоннаро ташкил намуда, талаботи истеҳсолотро бо матои газвор таъмин мекунад.
Ришта ҳамчун ашёи хом аз корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ - Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ва “Ваҳдаттекстил”-и ноҳияи Ёвон дастрас карда мешавад.
Сехи дуюми корхона - коргоҳи рангубори матоъ буда, он аз дастгоҳи рангкунии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ каммасраф, таҷҳизоти рангубори ришта иборат мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли солонаи рангубори матоъҳои газвор бо рангҳои гуногун зиёда аз 36 тоннаро ташкил медиҳад.
Давраи ниҳоии хати истеҳсолии корхона дӯзандагӣ мебошад, ки дар он 80 адад мошинаи дарздӯзӣ ва таҷҳизоти ба он вобаста насб карда шудааст.
Иқтидори истеҳсоли коргоҳи дӯзандагӣ вобаста ба фармоиш дар як шабонарӯз ҳазор донаро либос ташкил медиҳад.
Айни замон дар марҳилаи якум ва дуюми лоиҳа 250 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Мағозаи фуруши маҳсулоти корхона дар ошёнаи якум ҷойгир шудааст.
Ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуди “Файзи Карим” ҷиҳати ҳамкорӣ ва пешбурди фаъолият, инчунин омода намудани мутахассисон бо Федератсияи Русия, Туркия ва Ҷумҳурии Узбекистон ҳамкории зич ба роҳ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми Ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуди “Файзи Карим” оид ба истеҳсоли намудҳои гуногуни либосҳои ҳарбӣ ва корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин сару либоси кӯдакона аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 2019 ифтитоҳ гардида буд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди ду корхона - Корхонаи воҳиди давлатии “Чарми Данғара”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагии ҶДММ “Файзи Карим” дар маҷмӯъ 400 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки як ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоии ҳукумат мебошад.
Манбаъ: prezident.tj