Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2017» ва иди байналмилалии Наврӯз баргузор гаридид.
Дар мусобиқаи мазкур 8 даста: Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1 Хатлон-2, Суғд, Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт дар ҳайати 32 нафар варзишгар иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.
Варзишгарон дар ин мусобиқа барои «Ҷоми пойтахт» ва иди байналмилали Наврӯз дар се вазн: 65-80 ва +80- кило байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Орифҷон Додов дар вазни 65 кило сазовори 10 ҳазор сомонӣ ва «Ҷоми пойтахт» гардид. Дар вазни 80 кило бошад Беҳрӯз Хаҷазода ғолиб гардида, шоҳҷоизаи дуюм 10 ҳазор сомониро ба даст овард. Сайдҷалол Саидов дар вазни ҷамъи 80 кило шоҳчоизаи мусобиқаро ба даст оварда, сазовори автомобили тамғаи «Mercedes Benz» шуд.
АМИТ "Ховар"