Муъминобод: 8 нафар ба даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд

Дар ноҳияи Муъминобод даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» доир карда шуд. Дар озмун 20 нафар иштирокчиён ширкат варзида, 8 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, пайдо намудани беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо дар саросари мамлакат озмуни мазкур  баргузор гардида истодааст.

Озмун дар се давр, яъне даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуввум дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе ва даври сеюм дар пойтахти мамлакат  бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ баргузор  мешавад.

Ғолибони озмун инчунин ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо мекунанд. Барои барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойи якум – 30 000 сомонӣ, ҷойи дуюм – 20 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: