Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нав Маркази ташхисӣ — табобатии “Муҳаммадҷон” — ро ифтитоҳ карданд.
Маркази ташхисӣ — табобатии 2-ошёна бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҷамолиддин Аҳмадзода дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 дар масоҳати 15 садяк замин бунёд гардидааст.
Дар ин ҷо шароити ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ фароҳам мебошад. Дар Маркази ташхисӣ — табобатии “Муҳаммадҷон” намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ — санитарӣ, аз қабили табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, системаи асаб, амрози занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси марказ ва табибону кормандон дастур доданд, ки ба сифати хизматрасонии тиббӣ, муошират бо беморон диққати ҷиддӣ диҳанд ва ҳамзамон ҳамаи қоидаю талаботи санитарию гигиениро риоя намоянд.
Дар муассиса ҳамаи шароити меъёрии талаботи тиббӣ-санитарии безараргардонӣ, тамизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ фароҳам буда, дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа дар ҳуҷраи безаргардонӣ пурра таъминанд.
Ҳуҷраҳои дандондармонӣ барои калонсолон ва кӯдакон аз хизматрасониҳои дигари ин иншооти соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.
Дар муассиса барои табобати офиятбахшӣ баробари ҳуҷраҳои алоҳида гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис дода шудааст, ки дар он бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тоза ба дарди беморон дармон мебахшанд.
Баъди бунёди Маркази тиббии хусусӣ 20 нафар табиб, мутахассисони дорои донишу таҷриба ва кормандони миёнаи тиб ба кор ҷалб шудаанд.
Мутобиқи маълумот, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, барои бунёди он 20 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб шуданд.
Саҳни беморхона сафолакпӯш карда шуда, даромадгоҳ ва ҳавлии он бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зиннат дода шудаанд, ки ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Пешвои муаззами миллат аснои шиносоӣ бо шароити маркази тозатаъсис ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ба табибону дигар кормандони соҳаи тандурустӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Таъкид гардид, ки табибон бо истифода аз шароиту имконоти барояшон фароҳамгардида ба халқу миллат содиқона хизмат намоянд.
АМИТ «Ховар»