Дар Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск зиёда аз якуним ҳазор нафар интихобкунандагон овоз додаанд.
Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» Садбарги Боқӣ аз шаҳри Новосибирск иттилоъ дод, аз субҳи барвақт саҳни идораи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск серодам буд. Ҳайати расмии намояндагони консулгарии генералӣ, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск, раисони ҷамъиятҳои тоҷикони Новосибирск, Красноярск, Омск, Новокузнетск, Кемерово, ки дорои касбу кори гуногунанд, бо пуштибонӣ аз сиёсати одилонаву ободкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон ҷамъ омада, ба номзадҳои арзанда овоз дода истодаанд.
Хусусан ҳамватаноне, ки дар минтақаи Сибир фаъолият доранд, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, бо рӯҳияи баланди ватандӯстона ва ифтихор аз ватану ватандорӣ бо қалбҳои саршор аз муҳаббату эҳтиром ба сарзамини хеш барои овоз додан ба номзаду ҳизбҳои арзанда ба интихобот омада истодаанд.
Тавре аз суҳбат бо Исмоил Киборов, Сияршо Абдуҷабборов, Хуршед Саймаликов, Одина Розиқ аз шаҳри Новосибирск, Боқиҷон Бурҳонов аз Красноярск, Суръатхони Ворухӣ, Садриддин Нуриддинов бармеояд, онҳо умед доранд, ки беҳтарин номзадҳои арзанда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, барои рушди минбаъдаи ватану миллат фаъолият хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки дар 30 давлати хориҷӣ 39 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудаанд.
АМИТ «Ховар»