Бори аввал дар таърихи Роҳи оҳани Тоҷикистон: Ҳаракати қатораҳо аз тариқи хатсайрҳои нави Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ва Душанбе-Қурғонтеппа-Хушодӣ ба роҳ монда мешавад!

Роҳи оҳани Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки бори аввал дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаи роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб пайваст гардида, ҳаракати қатораҳои мусофирбари хатсайрҳои нави Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ва Душанбе-Қурғонтеппа-Хушодӣ ба роҳ монда мешавад.
Қатораҳо  аз Душанбе рӯзҳои якшанбе ва панҷшанбе соати 8-00, аз Кӯлоб рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соати 8-00 ва аз Хушодӣ рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соати 8-50 ҳаракат хоҳанд кард.
Дар роҳкирои қатораҳои мазкур 50% тахфиф пешниҳод карда шуда, инчунин ба мусофирон барои ройгон кашонидани то 40 кг бори дастӣ иҷозат дода мешавад.
Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи роҳбарони корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ва соҳибкорону тоҷирон расонида мешавад, ки дар ин масир қатораҳои боркаши роҳи оҳани Тоҷикистон барои бо нархҳои нисбатан арзон кашонидани маҳсулоти мавриди ниёзи аҳолӣ омода мебошанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: