Дар Душанбе ҳамоиши «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!» идома дорад

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади эҳтиром ва бузург доштани модар, инчунин афзудани меҳри наврасону ҷавонон ба модар ҳамоиши тарбиявии «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!» оғоз гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Мақсади асосии ҳамоиш- ин дар замири насли ҷавон муқаддас нигоҳ доштани мақому манзалати волидайн ва ҳамеша масъул будан барои нигоҳубини онҳо мебошад»,-иттилоъ дод манбаъ.
«Ҳамоиши мазкур бори аввал аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар баргузор карда шуда, он то охири ҳафта идома меёбад»,-афзуд манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: