Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи Ҷумҳурии Тунис Муҳаммад ал-Носир барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли андӯҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ –Президенти Ҷумҳурии Тунис – Баджи Қаид Ас-Себсиро дарёфт намудам.
Марҳум дар маснади Президенти кишвар барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту, тараққии Тунис хизматҳои назаррас анҷом дода буд.
Бинобар ин талафоти бузург аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми дӯсти Тунис баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам».
АМИТ «Ховар»