ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия муҳтарам Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия самимона табрик мегӯям.
Пирӯзии Шумо дар интихобот боз як гувоҳи боризи ҷонибдории шаҳрвандони кишваратон аз сиёсати пешгирифтаи Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии Бразилия ва таҳкиму тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва идомаи муколамаи созандаи байнидавлатӣ бо Бразилияи дӯст таъкид менамоям.
Мо ба дурнамои ҳамкориҳои байни кишварҳоямон назари нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати фаъол гардонидани онҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн тадбирҳои муштараки амалӣ андешем.
Ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолияти минбаъдаи давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Бразилия сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

