Дар доираи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 16 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 620,0 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.
Дар Муассисаи давлатии «Кохи Истиқлол» – и шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тавре зимни суҳбат аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум бо сухани ифтитоҳии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон Суҳроб Холмуродов оғоз гардид.
Дар форум наздики 500 нафар, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, соҳибкорони ҳар ду давлат ширкат варзиданд. Ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузории худро тавассути наворҳо муаррифӣ намуданд.
Дар идомаи форум мусоҳибаи байни соҳибкорон ва масъулини мақомоти давлатии ҷонибҳо (В2G) ва нишаст дар формати соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар фазои самимият ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, баъд аз муколамаи дутарафа ва ба мувофиқа омадани ҷонибҳо оид ба робитаи тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя байни соҳибкорон қарордодҳо ба имзо расонида шуданд.
АМИТ «Ховар»