ПОЙТАХТИ МАН-ИФТИХОРИ МАН! Фаъолони кӯҳистони Лахш Душанбеи навро тамошо карданд

Кумитаи рушди сайёҳии наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ 8-9 июни соли равон сайёҳати як гурӯҳи сокинони фаъоли ноҳияи Лахшро ба ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои фарҳангию фароғатии шаҳрҳои Душанбе ва  Ҳисор роҳандозӣнамуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, тибқи барномаи сайёҳат, 8 июн иштирокчиён аз боғҳои  «Ирам»,  ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, инчунин   боғи навбунёди  «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе  дидан намуданд.

Ҳамчунин онҳо  аз Осорхона ва  Китобхонаи миллӣ, боғҳои «Парчам», «Рӯдакӣ», муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ  дидан карда, шоми ҳамон рӯз  Боғи ба номи Аҳмади Дониш ва Боғи «Нишон» -ро тамошо карданд.

«Сайру гашт дар кӯчаву хиёбонҳои чароғони Душанбе   барои сокинони дурдасти ноҳияи Лахш гуворо буд. Онҳо аз рушди босуръати Душанбе, куллан дигаргун гаштани симои он, яъне ба Душанбеи нав табдил ёфтани шаҳр изҳори хушнудӣ намуда, доштани чунин пойтахтро барои миллати тоҷик  мояи ифтихор медонистанд», — омадааст дар хабари Кумитаи рушди сайёҳӣ.

9 июн  иштирокдорони сайёҳат  ба тамошои  Қалъаи Ҳисор  рафта, аз ин мавзеи таърихӣ боздид намуданд.

Ба иттилои манбаъ, баргузории чорабинии мазкур ба рушди сайёҳии дохилӣ,   арҷгузорӣ ба мероси бойи таърихиву фарҳангӣ, арзишҳои миллӣ, ошноии сокинони дурдасти ҷумҳурӣ бо дастовардҳои замони истиқлолият, устувории Ваҳдати миллӣ, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ   мусоидат менамояд.

Зимнан иштирокчиёни сайёҳат иброз доштанд, ки мунтазам ба роҳ мондани чунин чорабиниҳо баҳри рушди  сайёҳии дохилӣ ва дар ин замина таҳкими дӯстӣ миёни сокинони манотиқи мухталифи  мамлакат  ва муаррифии захираҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ минбаъд низ хатсайрҳои сайёҳати дохилиро афзоиш дода, ба рушди  он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Мавриди зикр аст, ки сайёҳии дохилӣ  барои шиносоӣ аз дастовардҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ, афзоиши рафтуомади аҳолии минтақаҳои гуногуни мамлакат, огаҳӣ аз сатҳи зиндагии якдигар ва табодули таҷриба дар соҳаҳои мухталиф мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: