Паҳлавони ҷавони тоҷик Шодмон Ризоев 29 июл дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба дзюдо 29 июл дар идомаи қувваозмоиҳо миёни наврасон дар Тайпейи Чин оғоз шуд.
Шодмон дар вазни -66кг пас аз пирӯзӣ бар варзишгарони Непал (Индра Баҳодур Шрестҳа), Ҳонг Конг (Ка Йу Лион Тайлор Чов), Кореяи Ҷанубӣ (Ҷунсик Парк) ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар ин давр бар Ҳаким Агаммамедови туркман дастболо шуд, вале дар финал аз намояндаи Япония Томойа Вакаса шикаст хӯрд.
Дар вазни -60кг варзишгари тоҷик Меҳрзод Суфиев ҷои панҷумро ишғол кард. Меҳрзод бар варзишгарони Макао (Так Чонг Чек), Тайпей (Син-Йу Чен), Кореяи Ҷанубӣ (Минчол Ким) ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон Кабанишбек Айбекуулу ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари Муғулистон Сухбат Бйамбасурен мағлуб гардид.
Бояд зикр кард, ки се варзишгари дигари тоҷик-Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни-66кг, Муҳаммадшариф Наҷмуддинов дар вазни-73кг миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни -57кг миёни духтарон дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 30 июл қувваозмоиҳо дар 4 вазн миёни писарон ва 3 вазн миёни духтарон идома меёбанд. Варзишгарони мо дар се вазн миёни писарон иштирок мекунанд: Оламафрӯз Абдураҳмонов (-81кг), Эмомризо Анварзода (-90кг), Иброҳимҷон Элмуродов, Шарифҷон Назриев (-100кг).
Бояд гуфт, ки дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон 170 нафар варзишгарон (100 писар, 70 духтар) аз 21 давлат иштирок доранд.
АМИТ «Ховар»