Имрӯз, таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVII Шӯро баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, намояндагони бахши хусусӣ, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оид ба мониторинги иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки қарорҳои дар ҷаласаи шонздаҳуми Шӯро қабулгардида ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, таҳлили низоми андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ, таблиғоти бештари маҳсулоти ватанӣ тариқи васоити ахбори омма ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои байналмилалии ҷумҳурӣ равона шуда, дар маҷмуъ иҷро гардиданд.
Бо мақсади амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ қабул гардидааст, як қатор санадҳои зерқонунӣ таҳия ва мавриди иҷро қарор дода шуданд.
Тибқи қонун «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ таъсис дода шуда, ҷаласаи нахустини он баргузор гардид. Дар идомаи ислоҳоти низоми андозбандӣ ҷиҳати боз ҳам мусоид намудани шароити пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, як қатор сабукиҳои андозӣ қабул гардиданд.
Бо қарори Ҳукумати мамлакат Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016-2018, аз 27 июли соли 2016, тасдиқ гардид.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баромад намуда, роҷеъ ба натиҷаҳои таҳлили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт гузориш дод.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сйёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Аҳтам Рустам, оид ба рафти амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ гузориш дод.
Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор маълумот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдориву молия ва муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкоронро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.
Дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, узви Шӯро аз ҷониби бахши хусусӣ, Роҳбари ҶДММ “Кафолат” Музаффар Саймуддинов, Роҳбари ҶДММ «Барқ сохтмон лоиҳакаш», Комилҷон Иброҳимов, Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон, Си Си Ю ва дигарон баромад намуда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳо, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани як қатор тадбирҳо дар самти рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, коҳиш додани воридот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, инчунин нақши неруи созандаи бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии мамлакат ибрози назар намуданд.
Дар ин робита масъалаҳои рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва истифодаи самараноки он дар рушди иқтисодиёти мамлакат, истифодаи самарабахши нерӯи барқ ҳамчун марҳилаи навбатии ҳадафи стратегии мамлакат дар доираи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муҳайё намудани шароити беҳтар барои рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, инчунин масъалаҳои дигари ҷаласа қайд гардида, зарурати вусъат бахшидани корҳо дар самтҳои зикршуда таъкид карда шуд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида дастуру супоришҳои дахлдор доданд.
Манба: president.tj