Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба маҳаллаи 82-юми пойтахт ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонии эстакада дар ин мавзеъ аз наздик шинос шуданд.
Тавре маълум гардид, корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба итмом расида, айни ҳол мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳ, сохтмони истгоҳҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои пиёдагард ва ободонии атроф бомаром идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки сохтмони иншооти мазкур бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 оғоз ёфта буд. Он вақт Роҳбари давлат ба фармоишгарону пудратчиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим дастури қатъӣ дода буданд. Мутобиқи лоиҳа, бунёди ин иншоот бояд моҳи сентябри соли ҷорӣ пурра анҷом дода шавад. Мутобиқи лоиҳа, сохтмони ин иншоот бояд 1-уми сентябри соли ҷорӣ, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ пурра анҷом дода шавад.
Тарҳи мазкур дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” амалӣ гашта, иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд ҳаракати нақлиёт дар ин масир бемамоният ба роҳ монда шавад.
Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуюми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд гардида, дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб як пул бо дарозии 125 метр сохта шудааст. Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи мазкур 4 роҳи зеризаминӣ низ бунёд ёфтаанд, ки феълан таъмиру муҷаҳҳазсозии онҳо бо системаи рӯшноидиҳӣ бомаром идома дорад.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида, назорати сифати сохтмон аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ ба роҳ монда шудааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ наздик ба 170 нафар ҷалб гардидаанд, ки 150 нафари онҳоро мутахассисони маҳаллӣ ташкил дода, феълан бо маоши хубу саривақтӣ таъминанд.
Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мегардад. Паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва кўпрукҳои “Синдзян-Бейсин”–и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат мекунад.
Аснои суҳбат бо сохтмончиён Пешвои миллат ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба ободонии гирду атроф, назорати сифати корҳои боқимонда ва анҷоми саривақтии сохтмони мазкур ҷалб намуданд.
Қобили зикр аст, ки амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамонияти нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, ҳамчунин рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд ва чунин роҳи чандқабата бори аввал дар Тоҷикистон сохта мешавад.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи 2-юми лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” оғоз бахшиданд.
Тавре маълум шуд, дар марҳилаи навбатӣ аз муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе роҳи мошингард пурра навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Дар ин мавзеъ низ корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, пудратчии он Ширкати «Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардидааст. Назорати сифати корҳоро дар ин марҳила Ширкати машваратии «Эптиса»-и Испания бар уҳда дошта, тибқи лоиҳа, чорроҳаи назди муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино пурра навсозӣ карда мешавад.
Зимни муаррифии тарҳи мазкур, гуфта шуд, ки паҳноии ин роҳ ба 68 метр расонида шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат бунёд мегардад. Дар ин баробар сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ дар назар дошта шудааст, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамонияти тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии нақлиётро аз байн мебарад.
Лоиҳаи мазкур дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастандаркорони лоиҳаро бобати назорати қатъии сифати роҳи сохташаванда муваззаф намуда, таъкид доштанд, ки бояд роҳи мазкур мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати олӣ бунёд гардад, то он барои мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намояд.