Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Зимни суханронӣ дар муассисаи таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр намуданд, ки бинобар хуруҷи бемории мазкур бо мақсади ҳимояи саломатии хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони соҳаи илму маориф бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соли таҳсил барвақт қатъ гардид ва муҳлати таътил низ дароз карда шуд. Дар натиҷаи саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва заҳмати фидокоронаи кормандони соҳаи тандурустӣ шиддати беморӣ хеле паст шуд ва имрӯз дари ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои таълимгирандагон боз гардид».
-Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чунин тадбир, яъне таътили тӯлонӣ мо тавонистем, ки саломатии наврасону ҷавонон ва устодони онҳоро аз ин беморӣ эмин дорем»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат ҳамчунин иброз доштанд, ки «соли нави таҳсил тибқи анъана бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд».
Президенти мамлакат аз насли наврас ва ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевосита гузоранд.
«Рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд. Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем»,-таъкид намуданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат оид ба ҳаводису вазъи ноороми имрӯза, ки бар асари ҷангу низоъҳо, гуруснагиву фақр ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳо садҳо ҳазор кӯдакон имкони ба мактаб рафтану савод омӯхтан надошта, ҳазорони дигар ба ҳалокат расидаанд, ибрози андеша намуданд.
«Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷаҳон то оғози паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 беш аз 250 миллион нафар кӯдакон аз имконияти рафтан ба мактаб маҳрум буданд»,- мисол оварданд Президенти мамлакат.
«Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад. Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд”,- изҳор доштанд Пешвои миллат.
АМИТ «Ховар»