Дар Наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мешавад

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябр, соати 14:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мешавад.

Тавре аз Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи аспдавонӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа доир мешавад.

Мусобиқа бо ширкати аспҳои зоти англисӣ ва тоҷикӣ роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар он  иштирок намоянд.

Ғолибонро ҷоиза ва мукофотҳои қиматбаҳо интизоранд.

Tags: