Дар Суғд Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид

Ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи  тиб дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ҳамоиши тантанавӣ доир шуд. Дар ҷамъомади идона  гурӯҳи калони кормандони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар пешрафти соҳа, пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сироятии COVID–19 саҳми босазо гузоштаанд, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар ҳамоиши мазкур  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда,   кулли кормандони соҳаро бо иди касбӣ табрик гуфта, зикр намуд, ки таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба рушди соҳаи тиб таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

«Маҳз натиҷаи таваҷҷуҳи рӯзафзун ба соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва навсозии 459 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмон ва таъмиру навсозии даҳҳо иншоот ба итмом расонида шудааст»,- гуфт номбурда.

Ба зикри Раиси вилояти Суғд, давра ба давра қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба сиҳатии омма аз ғамхориҳои ҳамарўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин раванд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо назардошти мақоми соҳа, талаботи замон ва нақшу манзалати табибон муттасил кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дараҷаи хизматрасонӣ ба мардум беҳтар гардад. Соли равон барои духтурони вилоят, чун саросари олам давраи санҷиши малака ва маҳорати касбӣ ба ҳисоб рафта, табибон дар мубориза бо бемории коронавируси нави COVID-19 бори дигар нишон доданд, ки онҳо баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизмати тиббӣ, аз бемории сироятӣ эмин доштани мардум дониш ва неруи ақлониву ҷисмониашонро масраф мекунанд. Фаъолияти назарраси табибон аз ҷониби давлату Ҳукумат мунтазам қадрдонӣ карда мешавад.

Таъкид гардид, ки алҳол дар муассисаҳои тиббии вилоят 5276 нафар духтур, 17945 нафар корманди миёнаи тиб ва 6390 нафар корманди хурди тиб ба аҳолӣ содиқона хизмат мерасонанд ва умед аст, ки кормандони соҳа дар оянда ҳам баҳри нигаҳдории тандурустии аҳолӣ меҳнати шоиста мекунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: