Паёми Пешвои миллат маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда барои аҳли ҷомеа мебошад

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пахтакор» дар шаҳри Кӯлоб бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони деҳаи Пахтакор вохӯрӣ ташкил гардид.

Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва нафарони масъул иштирок намуда, андешаҳояшонро баён доштанд.

Зимни мулоқот Абдулғаффор Раҳмонзода изҳор кард, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи дохилу хориҷи ҷумҳуриро фаро гирифтааст ва он воқеан як дастурамали омӯзишию корбарӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда барои аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад.

АМИТ "Ховар"