Ҷудочиёни тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов ва Комрон Карликов дар мусобиқоти байналмилалии Гран-прии ҷудо (Grand-Prix The Hague 2017) аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо), ки рӯзҳои 17-19 ноябр дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд баргузор шуд, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Дар ин мусобиқот 229 варзишгар (138 мард ва 91 зан) аз 42 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти байналмилалӣ ду гӯштингир Хайёмиддин Ҷабборов ва Комрон Карликов дар сабқати мардон намояндагӣ карданд. Ҷабборов 18-уми ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 73 кг дар даври аввал аз Мишел Бартусик аз Полша мағлуб гашт. Карликов бошад, дар вазни то 90 кг бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуввум, ки 19-уми ноябр доир шуд, аз Эдуард Триппели олмонӣ шикаст хӯрд.
ТВ Варзиш