Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин бо иштироки ҷавонони аъзои СҲШ форуми ҷавонони СҲШ баргузор гардид.
Дар кори он ҷавонони зиёда аз 10 давлат иштирок намуданд.
Форуми мазкур аз рӯи се номинатсия баргузор гардида, дар он донишҷӯёни тоҷик фаъолона ширкат варзиданд. Магистранти Донишгоҳи Пекин Маҳмуд Ҳамраалиев ва донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии тиҷорат ва иқтисоди Пекин Шаҳриёр Ҳаёхоҷаев аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин ташаббус» сазовори ҷои якум дониста шуданд.
АМИТ "Ховар"