Пагоҳ, 29 декабр, соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди сол — 2017» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар фестивали мазкур санъаткорони варзида ва шинохтаи ҷумҳурӣ бозёфтҳои нави эҷодии худро дар соли 2017 манзури ҳаводорони суруду мусиқӣ мегардонанд.
Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди сол — 2017» бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
АМИТ "Ховар"