5-6-уми апрели соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия мусобиқаи байналмилалии «Antalya Grand Prix 2019» баргузор мешавад.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа 561 варзишгар, аз ҷумла 344 мард ва 217 зан иштирок ва байни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин мусобиқаи варзишии сатҳи баланд Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳафт паҳлавони шинохта- Ёқубҷон Беков (-66кг), Хаёмиддин Ҷабборов, (66кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг), Саидҷалол Саидов (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.
Бояд зикр кард, ки мусобиқаи байналмилалии «Antalya Grand Prix 2019» имкон медиҳад, ки иштирокчиён дар баробари дарёфти медалу ифтихорномаҳо ҳамзамон соҳиби имтиёзҳои зарурӣ барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 мешаванд.
АМИТ «Ховар»