Имрӯз бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шореҳи варзиш Раҳматшо Обидов аз шаҳри Норак хабар дод, дар ин мусобиқа беҳтарин паҳлавонони мамлакат аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳяи Рашт аз рӯи 7 вазн байни ҳам рақобат намуданд.
Варзишгарони беҳтаринро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизор буд. Ду паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов ва Фурқат Назриев барои сазовор шудан ба шоҳҷоизаи наврӯзӣ талош намуданд. Билохира Темур Раҳимов бо усули зебо тавонист паҳлавони шаҳри Кӯлоб Фурқат Назриевро мағлуб намуда, соҳиби шоҳҷоиза гардад.
Инчунин баҳри тамошои мусобиқаи мазкур аз тамоми гӯшаву канори мамлакат мухлисону ҳаводорони ин навъи зебои варзиш ҷамъ омада буданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ гардид.
АМИТ «Ховар»