Самбо

Паҳлавонони варзидаи тоҷик ба Туркия мераванд

Antalya Grand Prix 20195-6-уми апрели соли равон  дар шаҳри  Анталияи Туркия мусобиқаи байналмилалии «Antalya Grand Prix 2019» баргузор мешавад.

Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар дод.

Хушқадам Хусравов соҳиби медали тиллои чемпионати ҷаҳон шуд

Варзишгари тоҷик Хушқадам Хусравов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки ин рӯзҳо дар Кохи варзиши «Sala Polivalenta»-и пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест ҷараён дорад, медали тилло ба даст овард.

Дар мусобиқаи ниҳоӣ Хушқадам Хусравов, ки дар вазни то 62 кг ҳунарнамоӣ мекард, аз рӯи хол бар варзишгари рус Руслан Богдасарян ғолиб омад.