Дар панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳлавонони тоҷик ғолиб омаданд

5 октябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар варзишгоҳи навбунёди   шаҳри Ваҳдат панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар  мусобиқаи мазкур  паҳлавонон  аз 15 кишвари дунё, ба мисли Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Россия, Германия, Непал, Япония, Беларус, Арманистон, Украина, Голландия, Америка ва Куба иштирок намуда, дар вазни 90 кг  байни ҳам рақобат намуданд

Ҳамчунин дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар варзишгарони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Саидҷалол Саидов,  Акмалиддин Муродов  Саидҷамол Алимардонов ва Ғазалшоҳи Давлатшоҳ қувваозмоӣ  карданд

Аз  байни ин  варзишгарони   маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷамол Алимардонов тавонистанд дар ин мусобиқаи байналмилалӣ  ғолиб шаванд.

Хотиррасон  менамоем, ки паҳлавонони шинохтаи тоҷик  Саидҷалол Саидов ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг  бар ҳамаи рақибонашон ғолиб  омада,  ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Дар даври финалии мусобиқаи байналмилалӣ Саидҷалол Саидов ва  Комроншоҳи Устопириён  байни ҳам рақобат намуданд ва   Саидҷалол Саидов Комроншоҳи Устопириёнро мағлуб намуда, ғолиби панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Комроншоҳ сазовори зинаи дуюм ва  паҳлавони дигари тоҷик  Саидҷамол Алимардонов ва  варзишгари Қирғизистон  Шаҳриёр Идрисов ду ҷойи   сеюмро ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки барои ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҷои якум 7 ҳазор доллар, ҷои дуюм 4 ҳазор доллар ва 2 ҷои сеюм 2 ҳазор доллари ИМА мукофот  таъйин гардида буд.

АМИТ"ХОВАР"