«ПАХТА-2022». Дар Тоҷикистон тибқи дурнамо 425 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ мешавад

ТВТ.19.09.2022. То 15 сентябр кишоварзони мамлакат зиёда аз 73 ҳазору 273 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Тибқи нақша, имсол кишоварзон 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз пахтаи ҷамъоваригардида 63 ҳазору 192 тоннаи он ба вилояти Хатлон, 9633 тонна ба вилояти Суғд ва 448 тоннаро кишоварзони ноҳияҳои тобеи марказ ҷамъ оварданд.

Имсол дар ҷумҳурӣ бояд дар 186 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешуд. Аммо тибқи маълумоти оморӣ, дар  шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ танҳо дар 181 ҳазору 589 гектар чигит кишт карда шуд. Аз майдони киштшуда 57 159 гектар ба вилояти Суғд, 121 694 гектар ба вилояти Хатлон  ва 2689 гектар ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Зикр шуд, ки кишоварзони мамлакат дар ин шабу рӯз ҳосили якуми пахтаро ҷамъоварӣ намуданд ва барои ҳосили дуюм дар заминҳои пахтазор обмонӣ намуда истодаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: