Дар натиҷаи садамаи автобус дар истгоҳи метрои «Славянский булвар» дар ғарби Москва 25 декабр чор нафар ҳалок гардиданд. 11 нафари дигар ҷароҳат бардошта, ҳоло дар беморхона қарор доранд. Ронандаи автобус боздошт шудааст. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Садама дар истгоҳи метрои «Славянский булвар», тақрибан соати 14:50 ба вақти Москва рух дод. Автобуси мусофирбар бо хатсайри аз Сколков то «Славянский булвар» ҳаракат карда, ба гузаргоҳи зеризаминии серодам даромадааст.
Тавре ба ТАСС аз хадамоти матбуоти РД ВКД-и шаҳри Москва хабар доданд, ронандаи автобус бо оғоз намудани ҳаракат якбора самташро тағйир дода, дар натиҷа воситаи нақлиёт ба сӯи гузаргоҳи пиёдагарди зеризаминӣ ҳаракат мекунад. Ҳангоми рух додани ҳодиса дар автобус мусофирон қарор доштаанд.
Ба гуфтаи намояндаи хадамоти матбуоти департаменти тандурустии шаҳри Москва, чор нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд. «11 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд, ки 9 нафари онҳо дар беморхона қарор дошта, ба ду нафари дигар дар ҷойи ҳодиса ёрии таъҷилӣ расонида шуд», — гуфт намояндаи хадамоти матбуот.
Миёни осебдидагон панҷ зан, панҷ мард ва як духтари 16-сола қарор доранд.
АМИТ "Ховар"