ХАБАРИ ФАВРӢ! Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад

11 августи соли 2020, тахминан соати 5 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода , соли таваллудаш 1958 дар заминаи муноқишаи оилавии бавуҷудомада дар хонаи истиқоматии худ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, бинои 67/4, ҳуҷраи 23 бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамсари Х. Худоёрзода. — А. Қаландарова, писараш Некрӯз Худоёров, духтараш Зайнура Худоёрова, келинаш Гулнисо Суфишоева ва дигар аъзои оилаи ӯ, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба ӯ кумаки аввалиндараҷа расониданд.

Айни ҳол, Х. Худоёрзода дар беморхонаи муассисаи давлатии Маҷмаии тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пас аз ҷарроҳӣ дар ҳолати муътадил таҳти назорати духтурон қарор дорад.

Вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: