Зимни нишасти матбуотӣ дар Хадамоти алоқаҳои марказии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дотсент, мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Ҷамъияти саҳҳомии ғайритиҷоратии «Донишгоҳи тиббии Остона», мутахассиси бемориҳои сироятӣ Баян Турдалина дар бораи он, ки оё витаминҳои D ва C барои пешгирии бемории коронавирус ва мустаҳкам кардани масъунияти бадан кумак мерасонанд, суҳбат кард. Дар ин бора Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» хабар дод.
«Вобаста ба миқдори истеъмоли витаминҳои D ва C бояд гуфт, ки албатта онҳо барои мустаҳкам намудани системаи иммунии одамон кумак мекунанд, аммо ягон далел ё асосе барои боварӣ аз он, ки ин витаминҳо бар зидди бемории коронавирус муфид ҳастанд, вуҷуд надорад. Инчунин, аҳолӣ набояд фикр кунад, ки барои мустаҳкам кардани масъунияти бадан истифодаи миқдори зиёди ин витаминҳо лозим аст»- изҳор дошт мутахассиси бемориҳои сироятӣ дар саҳни Хадамоти алоқаҳои марказии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон.Дар ин робита, номбурда диққати қазоқистониҳоро ба миқдори истеъмоли витаминҳо барои кӯдакон ва калонсолон ҷалб кард.
«Аз ин рӯ, зарурати истеъмоли ин витаминҳо ба миқдори зиёд вуҷуд надорад. Кӯдакон бояд витаминҳои D, C-ро вобаста ба синну сол ва вазнашон хӯранд, калонсолон бошанд вобаста ба миқдори муқарраршуда истеъмол намоянд», — хулоса кард Баян Турдалина.
АМИТ «Ховар»