Нурматов Фахриддин Маматюсупович 20.08.1983 с
маълумот: Олӣ, ихтисос: Журналисти байналхалқӣ
Оиладор соҳиби 4 фарзанд.
Фахриддин Нурматов фаъолияти эҷодии худро аз соли 2005-ум ҳамчун муҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон расман оғоз кард.
Ў дар ҷараёни фаъолияташ тавонистааст маҳорати наворбардорӣ ва танзими наворҳои намоишу барномаҳоро бо таҷҳизоти гуногун, аз ҷумла тариқи компютер азбар намояд ва худро ҳамчун ҷавони серғайрат, ҷўянда ва соҳибистеъдод нишон диҳад.
Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кўшиш, маҳорату соҳибкасбиашро ба инобат гирифта, 4-уми сентябри соли 2006-ум бо кушодашавии Муассисаи давлатии телевизиони кўдакону наврасон – «Баҳористон» ўро ба вазифаи сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотию фарҳангии телевизиони мазкур таъин намуд.
Дар ҷараёни фаъолияти эҷодӣ Фахриддин Нурматов аз соли 2008-ум то соли 2011-ум дар Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» низ кор кардааст.
Фахриддин Нурматов, аз соли 2011-ум то инҷониб дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири варзида, сармуҳаррири Идораи барномаҳои иқтисодӣ ва муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ-«Ахбор», сармуҳаррири Идораи барномаҳои сиёсӣ фаъолият намуда, айни ҳол муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон мебошад.
Барандаи барномаи иттилоотии «Ахбор», пешбарандаи барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Тоҷикистон», муаллифи барномаи таҳлилии «Дар мавзўи рўз», барандаи барномаи Ток-шоу «Рў ба рў», муаллифи барномаи мустақими «Ҳуқуқи ман», барандаи барномаи иттилоотию маърифатии «Соати парламентӣ».