Номаи сипоси ҳайати ҳакамони Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ ба Пешвои миллати тоҷикон

Аз номи ҳайати ҳакамони Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи сипос ворид гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар матни нома 10 нафар аъзои ҳакамони Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашр, савдо, тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии мамлакатҳои ИДМ, ки 29 июни соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт, барои пешвози самимӣ ва сатҳи баланди ташкилу баргузории озмун изҳори сипос намудаанд.

Дар матни нома омадааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кори озмун муҳити мусоиди эҷодӣ фароҳам оварда, ба гуфтугӯи пурсамари фарҳангҳо мусоидат кард».

Бояд гуфт, ки аъзои ҳакамони озмуни мазкур намояндагони кишварҳои Россия, Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон ва Қазоқистон буданд. Онҳо ба адабиёти ба озмун пешниҳод намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, «Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик» -ро, ки аз ҷониби Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик интишор ёфтааст, бо як овоз сазовори Шоҳҷоизаи озмун донистанд.

Мавриди зикр аст, ки соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашр, савдо, тавзеҳи китоб ва корҳои ношириро ба уҳда дорад.

АМИТ«Ховар»