Имрӯз Президенти Монголия Тсахиагийн Элбегдорж ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, ҷаноби Президент,
Иҷозат фармоед Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз номи мардуми Монголия ва шахсан аз номи худам ба муносибати 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Монголия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик намоям.
Боиси хушнудист, ки дар давраи гузашта бо кӯшиши ҳарду ҷониб муносиботи дуҷониба ва ҳамкории Монголияву Тоҷикистон муваффақона рушд мекунанд. Умедворам, ки муносиботи дӯстона миёни кишварҳоямон дар солҳои минбаъда на танҳо дар сатҳи дуҷониба, балки дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ таҳким ва густариш хоҳанд ёфт.
Муҳтарам ҷаноби Президент, иҷозат фармоед ба Шумо саломатӣ, бурдборӣ ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ таманно намоям».