Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 100 нафар хонандагони Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев” ва Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ кумаки яквақтаинаи моддӣ расонид.
Тавре аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, иқдоми мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуда, он аз ҷониби муовини вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода ба хонандагон тақдим гардид. Хонандагону тарбиятгирандагони ин мактаб-интернатҳо аз ин иқдом изҳори хушҳолӣ намуда, баён доштанд, ки “имрӯз мо бепадару модар нестем, балки Ватан ва роҳбарияти олии мамлакат падару модар ва ғамхори мо мебошанд”.
Ёдовар мешавем, ки иқдомҳои Вазорати фарҳанг дар самти дастгирии моддию маънавии қишри осебпазири ҷомеа аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарчашма гирифта, он мунтазам амалӣ карда мешавад.
Табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону бепарасторон ва камбизоатон, ки ба ғамхориву кумаки ҳамешагӣ ниёз доранд, таҳти назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, махсусан дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо бо кумаки моддиву молӣ фаро гирифта мешаванд.
АМИТ “Ховар”