Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Лахш, Сангвор ва Тоҷикобод тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Ҳамин тавр мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳирзода Умед Тоир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Лахш озод ва ба ҷойи ӯ Баротзода Файзулло Раҷаб — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Лахш таъин карда шуд.

Тибқи фармонҳои дигар Ҳиммати Ғайрат бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Сангвор озод карда шуда, Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор таъин гардид.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Ҳусейн Хоҷамир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Нодираи Маҳмадисо раиси ноҳия таъин карда шуд.

Ҳамчунин дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Зоҳирзода Умед Тоир муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Tags: