Мутобиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма роҳи мошингард дар мавзеи Барсеми Ҷамоати деҳоти Сучон дар масофаи 3,5 км ва бо паҳноии 12 метр таҷдиду навсозӣ мегардад. Дар асоси лоиҳаи мазкур бунёди 3 адад долонҳои зидди тарма бо дарозии 670 метр (долони якум – 390 м, долони дуюм 100 м. ва долони сеюм 180м.) ва як пули мошингард бо дарозии 82 метр дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон тибқи лоиҳа 4 адад истгоҳ, дар мавзеи маҳалли аҳолинишин равшанкунонии роҳи мошингард ва сабзазоркунии атрофи он бо шинонидани дарахтони ороишӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ин лоиҳа 18 феврал дар машварати кории назди раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон дар асоси дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.
АМИТ «Ховар»