Таъмири иншооти обтаъминкунӣ барои таъмини мунтазами аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар давраи зимистон

Кормандони корхонаи фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ»  барои фаъолияти мунтазами  иншооти коммуналии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018  омодагии ҳамаҷониба мебинанд.
То имрӯз мутахассисони корхонаи мазкур   ҷиҳати таъмини мунтазами аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ иншооти обтаъминкуниро таъмиру барқарор намуданд. Бо мақсади сарфакорона   ва мақсаднок истифода бурдани  маблағҳои буҷетӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 50 адад ҳисобкунакҳо насб карда, 14 адад трансформаторҳои ҳудуди корхонаро бо равған пур намуда, корҳои профилатикӣ гузарониданд. 27 адад насосҳои обтаъминкунандаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро таъмир намуда, ҳамзамон се адад насосҳои обкашии тамғаи ЭЦВ-ро  дар шаҳрҳои Ҳисору  Ваҳдат васл карданд.   11 километр  хатҳои канализатсияро шуста, чоҳҳои онро барқарор намуданд. Кормандони корхона ҳамзамон 27 адад ғалақаҳо, 25 адад боми ҳуҷраҳои биноҳои маъмурӣ ва навбатдоронро таъмир намуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин корхона барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ 8 адад техникаи махсус, аз қабили  мошини бартарафкунандаи садамаҳо,  экскаватор, автокран, трактор, мотопомпа ва таҷҳизоти кафшергариро таъмир намуда, ба давраи зимистон омода намудааст.

Ҳамчунин 60 нафар мутахассисони корхона бо либоси зимистона ва пойафзоли мавсимӣ низ таъмин гардидаанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: