Дар оянда дар Тоҷикистон суғуртаи тиббӣ ҷорӣ карда мешавад

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар оянда суғуртаи тиббӣ ҷорӣ карда мешавад».  Дар ин бора Назокат Одиназода, муовини якуми  директори Агентии  суғуртаи  иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июл ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф вобаста ба роҳандозӣ намудани суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон таъкид кард,  ки мақомоти салоҳиятдор дар ин масъала Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд тазаккур  дод, ки дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳанӯз 8 сол муқаддам,  соли 2008 қонун «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, соли 2010 ба он тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи ин тағийрот бояд дар кишвар шурӯъ аз соли 2014 суғуратаи тиббӣ ҷорӣ карда мешуд. Аммо тибқи ворид намудани тағйирот ба ин қонун дар соли 2013 ҷорӣ кардани  суғуртаи тиббӣ то соли 2017 дар кишвар ба таъхир гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки 13 июл зимни нишасти хабарӣ Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо дахли ин масъала гуфт,  ки дар ин самт дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар санадҳои дахлдор таҳия гардида, инчунин гурӯҳи махсуси корӣ созмон дода шудааст, ки  дар мавриди ҷорӣ намудани суғуртаи иҷтимоӣ фаъолият дорад. Вазир таъкид намуд,  ки дар марҳиллаи аввал мо ният дорем, ки то соли 2017  дар яке аз шаҳру вилоятҳо ба таври пилотӣ (таҷрибавӣ) ҷорӣ намоем.

АМИТ «Ховар»

Tags: