Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи стратегии ду кишвар ва як қатор масъалаҳои байналмилалиро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Муҳтарам Владимир Путин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти неки худро баён дошт.

Дар ин зимн Президенти Федератсияи Россия саҳми шахсии Пешвои миллатро дар рушду таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии ду кишвар, инчунин дар афзун гардонидани робитаҳои судманди ҷонибҳо дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таври хосса қайд карданд.

Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо азми худро ҷиҳати идомаи муколамаи созандаашон аз рӯи тамоми маҷмӯи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ иброз доштанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: