11 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Соҳибназар Ғайратшо бо Ҳамоҳангсози ҳамкории ҷамъиятӣ бо Россия, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Шарокати Шарқии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия, вакили Бундестаг Йоҳанн Заатҳофф мулоқот кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, амнияти минтақавӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сафир аз дипломати олмонӣ даъват намуд, ки ҳангоми таҳияи стратегияи миллии сиёсати хориҷӣ дар соҳаи манбаъҳои ҷойгузини энергияи таҷдидпазир ва истеҳсолоти созгор бо муҳити зист зарфияти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба эътибор гирифта шавад.
АМИТ «Ховар»