Бунёди франсузии «Мерё» ба Озмоишгоҳи миллии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастпӯшакҳо, хилъатҳо ва ниқобҳои тиббии якдафъаина кумак намуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре иттилоъ дода шуд, кумаки мазкур аз 11 ҳазор ниқоб, 5 ҳазор хилъат ва 5 ҳазор дона дастпӯшакҳо барои истифодаи якдафъаина иборат мебошад.
Кумак бори аввал дар доираи ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ, ки ду сол қабл байни Озмоишгоҳи миллии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди «Мерё» имзо шуда буд, расонида шуд.
АМИТ «Ховар»