Рӯзҳои 3-4 марти соли 2018 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Намоиши баҳории ҳунармандӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон хабар доданд.
Намоиши мазкур ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, дар он маҳсули дасти ҳунармандони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон, ба монанди сумкаҳо ва ҳамёнҳои дастӣ, ҷавоҳирот ва ороишоти аз нуқра ва чарм тайёркардашуда, маҷмӯи баҳории либосҳои миллӣ, ашёи ороишӣ, бозичаҳои бофташуда ва намадӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Намоиши баҳории ҳунармандӣ тайи ду рӯз аз соати 9:00 то 17:00 идома меёбад.
АМИТ «Ховар»