Бахшида ба таҷлили сеюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон» имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиш дар мавзӯи «Имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ: тавсеаи имкониятҳои иқтисодии бахши хуссусӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Агентии Германия оид ба корҳои байналмилалӣ ва Фонди сабзи иқлимӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад намояндагони бахши давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусии ватанӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш и. в. роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Манучеҳра Мадҷонова мақсади баргузор намудани ин ҳамоишро муарифии Фонди сабзи иқлимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Фонди мазкур ташкилоти молиявии СММ мебошад, ки соли 2010 таъсис ёфтааст.
Зикр шуд, ки дар баробари фаъолияти начандон зиёд Фонди сабзи иқлимӣ дар кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки фаъолияти он ба ҳадафҳои ниҳоят муҳим барои инсоният нигаронида шудааст. Фонди мазкур, пеш аз ҳама, лоиҳа ва барномаҳоеро дастгирӣ менамояд, ки барои бартараф намудани пайомадҳои манфии рушди иқтисодӣ, аз ҷумла ифлосшавии боду ҳаво, коркарди партовҳо, тағйирёбии иқлим ва ба роҳ мондани истеҳсолот аз ҳисоби сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия равона карда шудаанд. Бинобар ин барои бахши хусусӣ имрӯз имконияти мусоид баҳри ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо Фонди сабзи иқлимӣ дар самтҳои зикргардида фароҳам оварда мешавад.
АМИТ "Ховар"