Мулоқоти М. Ҳусейнзода бо Вазири маорифи Руминия Валентин Попа

18 апрели соли равон дар шаҳри Бухарест мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири маорифи Руминия Валентин Попа барпо гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаҳои маориф, илм ва технологияҳои нав, танзими робитаҳои мустақими корӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотии ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Ҳавасмандии амиқ барои густариши муносибатҳо дар доираи барномаҳои таълимии Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла барномаи Эразмус +, таъкид гардид.

Илова бар ин, зимни суҳбат ҷонибҳо ба зарурати бунёди заминаи ҳуқуқӣ барои рушди ҳамкории дуҷониба миёни вазоратҳои маориф ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистону Руминия, ҳамчунин даъвати мутақобилаи омӯзгорону донишҷӯён ба мақсади мубодилаи донишу таҷриба таъкид карданд.

АМИТ "Ховар"